Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти поксозии нируҳои Украина идома дорад


Нируҳои ҳукуматии Украина ба амалиёти низомии худ бар зидди ҷудоихоҳон дар шарқи ин кишвар идома медиҳанд. Ин дар ҳолест,ки вазирони корҳои хориҷаи Украинаву Русия ва Олмону Фаронса дар Берлин барои баррасии бӯҳрони Украина мулоқот мекунанд.

2 июл Андрий Лисенко-сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ гуфт, ки 4 низомии украинӣ дар ҷараёни амалиёт кушта шудаанд. Ин нируҳо ба мавозеи ҷудоихоҳон бештар аз 100 ҳамла анҷом додаанд ва дар давоми рӯзи гузашта рустоҳоро аз ҷудоихоҳон пок кардаанд.

Олександр Турчинов-раиси порламони Украина ба намояндагон гуфт, ки “амалиёти нируҳои онҳо муассир будааст ва натиҷа ба даст меояд”.

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, тасмими Порошенко дар бораи тамдид накардани оташбас “оғози даври нави хунрезиҳост, ки пайомадҳои он барои давлати Украина ғайриқобили пешбинист”.

XS
SM
MD
LG