Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми баландпояи қазоқ барои ришвахорӣ боздошт шуд


Пулиси молии Қазоқистон раиси Ожонси давлатии танзими моликиятро ба иттиҳоми ришвахорӣ боздошт кард. Сухангӯи пулис 2 июл гуфт, Мурат Оспанов барои гирифтани 200 000 доллар ришва муттаҳам дониста мешавад.

Интизор меравад, ки ба зудӣ ба таври расмӣ иттиҳоми Оспанов эълон шавад. Дар бораи боздошти вай бештар аз ин маълумот дода нашудааст.

Оспанов нахустин мақоми расмии баландпояи Қазоқистон нест, ки моҳҳои ахир боздошт шудаанд. Ҳафтаи гузашта Бағдат Майкеев-муовини вазири дифои ин кишвар барои ришвахорӣ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Соли гузашта низ чанд нафар аз мақомоти расмии ин кишвар барои ришвахорӣ ба мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG