Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазоқистон вакили мудофеъро ба "девонахона" фиристоданд


Зинаида Мухортова

Зинаида Мухортова

Зинаида Мухортова-вакили мудофеи Қазоқистон бори дигар боздошт ва ба бемористони бемориҳои равонӣ фиристода шудааст. Хешовандони Мухортова мегӯянд, ки 2 июл кормандони пулис вайро баъд аз бозгашташ аз Русия дар хонааш дар шаҳри Балхаш боздошт кардаанд. Вай худаш ба Русия паноҳ бурда буд.

Мухортова 56 сол дорад ва моҳи декабри соли гузашта аз Қазоқистон баъд аз он фирор кард, ки додгоҳи Қарағанда дархости вайро дар бораи қатъи муолиҷаи иҷбории равонӣ напазируфт. Пизишкон моҳи августи соли 2013 ба хулосае расиданд, ки Мухортова аз бемории равонӣ ранҷ мебарад ва ба муолиҷа ниёз дорад.

Вайро аз соли 2012 то 2013 ду бор маҷбур карданд, ки аз бемории равонӣ табобат шавад, вале вай мегӯяд, ки ҳамаи ин корҳо бар зидди вай ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG