Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи Амрико барои Афғонистон тарки мақом кард


Ҷеймс Доббинс
Ҷеймс Доббинс

Моҳи ҷорӣ фиристодаи вижаи вазорати корҳои хориҷаи Амрико барои Афғонистону Покистон мақоми худро тарк мекунад. Ҷеймс Доббинси 72 сола ва дипломати собиқадор соли гузашта аз бознишастагӣ фаро хонда шуд ва ба ин мақом мансуб гардид.

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки Доббинс дар сафи пеши талошҳои Амрико дар Афғонистону Покистон қарор дошт ва аз ин кор ифтихор мекунад.

Доббинс дар ҳоле ин мақомро тарк мекунад, ки дар Афғонистон мубориза барои эълони натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад. Иддао мешавад, ки дар раванди шумориши оро ба тақаллуб роҳ дода шудааст.

Дар мусоҳибае бо рӯзномаи "The New York Times" Доббинс бунбасти интихоботиро “ҷиддӣ” номидааст ва ва гуфтааст, ки он метавонад ба таври ҷиддӣ сабаби ҷудоӣ шавад. Вале вай изҳори умедворӣ кард, ки ҳафтаи оянда тасмими қобили қабул гирифта мешавад. Ба гуфтаи вай, натиҷаҳои пок барои ояндаи Афғонистон муҳим аст.

Доббинсро дар ин мақом муовинаш Даниел Фелдмен иваз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG