Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари олами ҷиноии қирғиз дубора боздошт шуд


Азиз Батукаев
Азиз Батукаев

Азиз Батукаев-яке аз раҳбарони олами ҷиноии Қирғизистон, ки соли гузашта бо асноди дуруғин аз зиндон раҳо шуда буд, дар ҷумҳурии мухтори Асетияи Шимолии Русия дубора боздошт шудааст. Мақомоти расмии вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳоло барои гирифтани Азиз Батукаев аз Русия ҳуҷҷатҳои заруриро омода мекунанд.

Батукаев чечентабор аст ва соли 2006 барои ҷиноятҳои ҷиддӣ 17 сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Вай аз ҷамла барои куштори як намояндаи порламон ва як корманди вазорати корҳои хориҷа муттаҳам дониста мешуд. Вале вайро мақомоти зиндон моҳи апрели соли 2013 раҳо карданд ва гуфтанд, ки вай ба таври ҷиддӣ гирифтори бемории лейкемиа ё саратони хун шудааст. Вале баътар маълум шуд, ки Батукаев бо асноди дуруғини тиббӣ раҳо шудааст.

Дар ҷараёни ин моҷаро Шамил Атахонов-муовини нахуствазири Қирғизистон аз мақомаш истеъфо дод ва ва Турсунбек Акун-Омбудсмени ин кишвар аз мақом барканор шуд.

Ҷоомарт Оторбаев-нахуствазири Қирғизистон 2 июл гуфт, истирдоди Батукаев бар асоси муқаррароти байналмиллалӣ сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG