Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони натиҷаҳои интихоботи Афғонистон ба таъхир уфтод


Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, ки эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи президентӣ барои чанд рӯзи дигар ба таъхир афтодааст.

Ба асоси нақшаи қаблии ин ниҳод, қарор буд имрӯз, 2 июн натоиҷи ибтидоии интихоботи президентии Афғонистон эълом шавад, вале Комиссияи мустақили интихобот дар ин кишвар гуфт, ки натоиҷи ибтидоиро чанд рӯз баъд эълон мекунад.

Нурмуҳаммад Нур, сухангӯи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, барои шаффофияти бештари раванди интихобот, орои бархе аз ҳавзаҳои раъйдиҳӣ дубора шумурда мешавад.

Дар ҳамин ҳол тими интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз ба таъхир афтодани эъломи натоиҷи ибтидоии интихобот истиқбол карда, аммо тими Тадовум ва таҳаввул бо раҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай мегӯяд, ки аз ин бобат хурсанд нест.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, бо таъхир дар эълони натоиҷи ибтидоӣ, заминаи "расидагӣ ба тақаллуби густурда" фароҳам хоҳад шуд.

Аммо ҳамин хабаргузорӣ ба нақл аз Аббос Навиён, як сухангӯи гурӯҳи интихоботии Ашрафғанӣ Аҳмадзай гузориш медиҳад, ки гуфтааст, аз таъхир дар эълони натиҷаҳои ибтидоии интихобот хурсанд нест ва замони эъломи натиҷаи ниҳоӣ тағйир накардааст.

Аз сӯи дигар бархе расонаҳо дар Кобул гузориш додаанд, ки Муҳаммадюнус Қонунӣ, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон дар талош аст, то заминаро барои гуфтугӯ миёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай фароҳам созад.

Шуморе аз аъзои тими интихоботии Ашрафғанӣ Аҳмадзай ин хабарро таъйид карда ва гуфтаанд, ки омодаи музокирот ҳастанд, вале дар бораи ташкили ҳукумати эътилофӣ гуфтугӯ нахоҳанд кард. Аз сӯи дигар аъзои тими интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯянд, ки ба ҳадафи эҷоди як механизми муштарак барои баррасии тақаллубҳо, омадаи гуфтугӯ ҳастанд.

Дафтари раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳамин ҳол мегӯяд, таъхир дар эъломи натиҷаҳои ибтидоии интихобот, баргузории маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури оянда дар он кишварро ба таъхир нахоҳанд андохт. Шикеб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи гузашта дар Кобул гуфт, раҳбарони наздик ба чиҳил кишвар даъват шудаанд, то дар рӯзи панҷуми иди Фитр дар маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури ояндаи он кишвар ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG