Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии Додгоҳи Страсбург аз манъи бурқаъ дар Фаронса


Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар аз қонуни манъи бурқаъ дар Фаронса пуштибонӣ кард. Ин қонунро, ки дар кишвар аз соли 2011 ба ин сӯ татбиқ мешавад, як зани мусалмони фаронсавӣ дар додгоҳи Страсбург ба муҳокима кашид ва гуфт, ки ин қонун таҳқиромез аст ва озодиҳои мазҳабиро поймол месозад. Ин хонум, ки 24 сол дорад ва хатмкардаи донишгоҳ аст, аз ифшои ному насабаш худдорӣ кардааст.

Дар Фаронса барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо бурқаъ ҳозир шудан 150 евро ҷарима муқаррар шудааст.

Баъд аз Фаронса ду кишвар - Белгия ва Швейсария - ҳам пӯшидани бурқаъро манъ карданд. Мавзӯи манъи бурқаъ дар бархе аз манотиқи Италия ва ҳамчунин дар Ҳуланд баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG