Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар терминали мусофиркашонии Ёвон


Дар натиҷаи сӯхтор терминали мусофиркашонии ноҳияи Ёвон ва чанд дӯкони назди бозори ноҳия хароб шудааст. Манобеи Озодӣ аз ноҳияи Ёвон хабар доданд, ки сӯхтор тахминан баъд аз соати 3-и шаби 30-юми июн ба амал омада,терминал ва дӯконҳои онро фаро гирифтааст. Далер, яке аз савдогарони бозори Ёвон рӯзи 1-уми июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба ҷои ҳодиса мошинҳои сӯхторнишонии ноҳия ҳозир шудаанд, аммо бо сабаби зиёд будани аланга натавонистаанд саривақт оташро хомӯш кунанд. Ӯ афзуд, танҳо баъд аз 3 соат кормандони сӯхторнишонӣ тавонистаанд бо кӯмаки сокинон оташро хомӯш кунанд. Терминали мусофиркашонии ноҳияи Ёвон, 54-километрии ҷанубу шарқи Душанбе чанд сол қабл тармим шуда, дар он бештар саррофон ва ҳам чанд дӯкони матоъфурӯшӣ фаъолият мекард.Мақомот расман сабаб ва миқёси хисороти ин сӯхторро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG