Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аминҷони 4-сола баъди 13 зарбаи корд фавтид


Наздикони Аминҷон Назирови 4-сола, сокини шаҳри Турсунзода, ки 25 рӯз пеш аз сӯи ҳамсоязани 23-солааш 13 зарби корд хӯрда буд, мегӯянд пас аз ҳолати сангин дар бемористон ҷон додааст. Кароматулло Воҳидов, тағои Аминҷон рӯзи 1-уми июл дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарзодааш, ки аввал дар беморхонаи Қарияи болои шаҳри Турсунзода ва баъдан дар шаҳри Душанбе табобат мегирифт, аз шифо наёфтани захмҳои корд дар баданаш фавтидаааст ва наздиконаш ӯро имрӯз ба хок супориданд.

Ин ҳодиса рузи 5 июн дар назди хонаи истиқоматии ин кӯдак дар маҳҳали 1 шаҳри Турсунзода ба амал омада ва ба гуфтаи дафтари матуботи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ҷиноят аз сӯи шаҳрванд Марҷонаи Файзалӣ 23-сола, сокини ҳамин ноҳия рух додааст. Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфта буд, «Марҷонаи Файзалӣ 23-сола, дар ҳудуди маҳаллаи 1-и шаҳри мазкур шоҳиди он мегардад, ки дар вақти бозии кӯдакон писари ноболиғашро хурдсоли дигари ҳамин маҳалла Амирҷон Назиров, соли таваллудаш 2010 мезанад. Марҷонаи Файзалӣ аз ин кирдори ноболиғ Амирҷон Назиров ба каҳру ғазаб омада, бо худ корд гирифта, ноболиғи 4-соларо ба тарафи камодам, байни буттаҳои марминҷон бурда, бо корди дар дасташ буда 13 маротиба ба узвҳои бадани (қисмҳои шикам, гурда ва тахтапушт) ин хурдсол зада, ҷароҳатҳои халандаву бурранда мерасонад».

Ин манбаъ мегӯяд дар ҳоли ҳозир Марҷонаи Файзалӣ ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Аммо наздикони Аминҷон Назирови 4-сола дар суҳбат бо Радиои Озоди гуфтанд, гуё Марҷонаи Файзалӣ, ки ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнин ба саломатии Амирҷон Назиров, дастгир шудааст, бо пешниҳоди ҳуҷҷати қалбакӣ худро бемории руҳӣ хондааст ва ҳоло дар озодӣ ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG