Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бархе мавзеъҳои шарқи Украина даргириҳои шадид идома доранд


Дар шарқи Украина рӯзи сешанбе даргириҳо миёни низомиёни украинӣ ва ҷудоихоҳони рустабор аз сар гирифта шуданд. Дар шаҳраки Карловкаи канори Донетск ҷанги тонкҳо идома дорад. Ба гуфтаи намояндагони Ҷумҳурии мардумии Донетск, дар канори шаҳри Снежний аз тири пулемёти ҷудоихоҳон як ҳавопаймои низомии украинӣ суқут кард. Ин хабарро манбаъҳои мустақил таъид накардаанд.

Аз субҳи рӯзи сешанбе дар наздикиҳои постгоҳҳои марзии “Донетск” — “Изварино” ва “Краснопартизанск” — “Гуково” дар вилояти Луҳанск даргириҳо идома доранд. Горди милли Украина ба мавқеъҳои ҷудоихоҳон ҳамла кард. Марзбонҳои Русия ба минтақаи бехатар интиқол ёфтанд.

Аз ин пеш хабар расид, ки дар шаҳри Краматорск бар асари тирандозӣ аз миномёт ба автобус 4 нафар кушта ва 5 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Шоми душанбе Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, режими оташбаси якҷонибаро мутаваққиф кард. Ӯ тавзеҳ кард, ки аъмоли ҷудоихоҳон барои татбиқи тарҳи сулҳи дар шаҳри Украина монеъ шуд. Ба иттилои Киев, тайи даҳ рӯзи оташбас ҷудоихоҳон 108 бор ба мавқеъҳои низомиёни украинӣ ҳамла карданд. Дар ин муддат 27 афсару сарбози ҳукуматӣ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG