Пайвандҳои дастрасӣ

Як зан дар Душанбе духтарчаи 6-солаашро ваҳшиёна куштааст


Як зан дар Душанбе духтарчаи 6-солаашро ваҳшиёна куштааст. Тибқи хабарҳои расмӣ рӯзи 30-юми июн соатҳои 13.00 дақиқа, дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Фединаи пойтахт ҷасади Мадина Шариповаи 6-сола бо аломати марги маҷбурӣ ва сараш аз тан ҷудо пайдо шудааст. Ба дунбол кормандони полис Зиёдагул Шариповаи 29-сола, модари ин кӯдакро барои содир кардани ин ҷиноят дастгир кардаанд. Зиёдагул Шарипова ҳам қоил шудааст, ки кӯдакашро аз Хонаи кӯдакони №2, ки дар онҷо таълим мегирифт, бо навиштани забонхат бо худ бурда, бо корд ӯро ба таври ваҳшиёна куштааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG