Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никола Саркозиро боздошт карданд


Николя Саркозӣ
Николя Саркозӣ

Никола Саркозӣ, раисиҷумҳури пешини Фаронса, барои бозпурсӣ дар робита ба иттиҳоми сӯиистифода аз ваколат боздошт шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Саркозӣ рӯзи сешанбе аз сӯи муфаттишон ба идораи полиси шаҳри Нантер, воқеъ дар ғарби Порис, оварда шуд. Би-Би-Си навиштааст, ки боздошти сарвари пешини кишвар барои Фаронса ҳодисаи бесобиқа аст.

Рӯзи душанбе вакили дифои Саркозӣ дар робита ба парвандаи фишор болои додрас ба хотири дарёфти иттилои маҳрамона бозпурсӣ шуд. Ин иттилои маҳрамона ба тафтиши парвандаи сармоягузории эҳтимолии маъракаи интихоботии Никола Саркозӣ дар соли 2007 аз сӯи раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ дахл дорад.

Қарор аст, ки Никола Саркозӣ ду рӯз дар боздоштгоҳ боқӣ монад.

XS
SM
MD
LG