Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти зиддитеррористӣ дар шарқи Украина аз сар гирифта шуд


Низомиёни украинӣ баъди аз сар гирифтани амалиёт алайҳи ҷудоихоҳон дар шарқи кишвар ба мавқеъҳои онҳо аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва тӯпхона зарба хоҳанд зад. Дар ин бора раҳбари гурӯҳи “Муқовимати иттилоотӣ” Дмитрий Тимчук рӯзи сешанбе, 1 июл, дар саҳифааш дар Facebook хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, шабонарӯзи гузашта ҷудоихоҳон чанд бор постгоҳҳои нерӯҳои ҳукуматиро тирборон карданд. Як сарбоз ҷароҳат бардошт. Дар кӯҳи Карачун дар канори Славянск бар асари тирборони мавқеъҳои низомиёни украинӣ манораи телевизионӣ ба замин сарозер шуд.

Ҷудоихоҳон ҳам рӯзи сешанбе дар бораи шурӯи дубораи даргириҳо иттилоъ доданд. Ба гуфтаи онҳо, дар натиҷаи аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ тирборон шудани манзилҳои зист чанд тан аз сокинони осоишта маҷрӯҳ шуданд. Шоми душанбе Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, режими оташбаси якҷонибаро мутаваққиф кард. Ӯ тавзеҳ кард, ки аъмоли ҷудоихоҳон барои татбиқи тарҳи сулҳи дар шаҳри Украина монеъ шуд.

Ба иттилои Киев, тайи даҳ рӯзи оташбас ҷудоихоҳон 108 бор ба мавқеъҳои низомиёни украинӣ ҳамла карданд. Дар ин муддат 27 афсару сарбози ҳукуматӣ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG