Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳидон: Шералӣ ва Ҷӯрахон салафӣ нестанд


Шоҳидони парвандаи ду сокини Восеъ, ки бо гумони шомил будан дар ҷараёни салафия боздошт шуда буданд, дар нахустин рӯбарӯкунии тафтишотии пешакӣ, узвияти онҳо ба ин ҳаракати мамнӯъро рад кардаанд. Муфатишони Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб рӯзи гузашта имомхатиб ва чанд сокини деҳаи Гулисойи ноҳияи Восеъро ҳамчун шоҳид бо боздоштшудагон рӯбарӯ кардааст, аммо Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили дифоъи онҳо мегӯяд, сокинон аз шоҳиди додан ба ин ки ин ду нафар салафӣ ҳаст, даст кашидаанд.

-Ин нафароне, ки ба ҳайси шоҳид пурсида шуданд, ҳаракати салафӣ доштани ду зерҳимояи маро рад карданд. Онҳо гуфтанд, ки ин ду нафар рафторҳои монанд ба салафиҳоро надоштанд. Ҳоло тафтишот идома дорад ва намедонам ба чӣ меанҷомад, аммо ҳаминро меатвонам бигӯям, ки ҳеҷ далеле барои салафӣ будани ин нафар вуҷуд надорад,-гуфт, Раҳмоналӣ Раҷабов.

Шералӣ Холов ва Ҷӯрахон Шаропов аввали моҳи майи соли ҷорӣ пас аз оне, ки дар як намози ҷумъа бо имомхатиб баҳс карданд, бегоҳ аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохили минтақаи Кӯлоб бо иттиҳоми салафигароӣ боздошт гардиданд. Ин дар ҳолест, ки Саидмуртазо Раҷабов, имомхатиби масҷиди деҳаи Гулисой, ки дар пайи баҳс бо ӯ ин ду нафар боздошт шуда буданд, узвияти онҳо бо ҷараёни салафигароиро инкор карда, раҳоии онҳоро талаб карда буд. Барои раҳоии ин ду сокин, беш аз 30 сокини деҳаи Гулисой ҳафтае пеш бо нишони эътироз ҷамъ омада буданд ва намояндагони додситонӣ ваъад доданд, ки парвандаро мунсифона баррасӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG