Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 30-юми июн таҳти раёсати раиси ҷумҳур ва раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, минҷумла, масъала оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2016 шунида шуд.

Дар ин бора Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисобот дод. Тавре зикр гардид, барномаи мазкур дар асоси супориши президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо варзишгарони кишвар, ки 20-уми декабри соли 2010 баргузор шуда буд, таҳия, қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтааст.

Дар давраи татбиқи барнома дар ҷумҳурӣ 19 варзишгоҳ ва 100 майдони гуногуни футбол бунёд ёфта, таваҷҷуҳ ба ин бахши варзиш афзун гардид. Дар 103 мактаби варзишии кишвар 603 гурӯҳи футбол ташкил шудааст, ки ба онҳо 5756 футболбоз ва 261 мураббӣ шомил мебошанд. Фаъолияти 5 мактаби махсуси футбол ва Академияи футбол низ назаррас номида шуд.

Ҳоло Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии ФИФА миёни 209 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 126-ум ва дар байни 46 кишвари Осиё бошад, дар ҷойи 18-ум қарор дорад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки барои таъмини оммавияти ҳамаи бахшҳои варзишу тарбияи ҷисмонӣ, хусусан рушди футбол дар ҷумҳурӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда васеъ истифода бояд кард.

Бояд гуфт, ки соли 2014 дар Тоҷикистон Соли футболи оммавӣ эълон шудааст. Авохири моҳи март дар Душанбе фестивал ё ҷашнвораи футболи оммавӣ барпо гардид, ки дар он беш аз 250 нафар кӯдакон иштирок карданд. Дар маросими ифтитоҳи Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол), ширкат дошт.

Вай зимни сухарониаш дар ин маросим гуфт, «мо бо ифтихор чунин ташаббусҳоро, ба мисли Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон, ки ба болоравии маъруфияти футбол дар тамоми ҷаҳон саҳми аниқ мегузорад, дастгирӣ мекунем. Муҳим аст, ки чунин ташаббусҳо ба рушди футболи занона низ таъсири мусбат мерасонанд.”

Вале ба гуфтаи масъулини соҳа, бархе аз бандҳои барномаи рушди футбол, ба хусус футболи кӯдакону наврасон, ба иллати камбуди маблағ амалӣ нашудааст. Вазорати молияи кишвар, ки муваззаф шудааст, барои рушди минбаъдаи футбол бар асоси ин барнома маблағи зарурӣ ихтисос бидиҳад, ин корро то ба ҳол ба субут нарасонидааст. Дар ин бора чанд муддат пеш дар Шӯрои тарбияи ҷисмони ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон низ таъкид шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG