Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳои президент аз афзоиши нархи гӯшт


Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон аз афзоиши сунъии нархи гӯшт дар арафаи моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ карда мақомотро дастур додааст, ки нархҳо арзон карда шавад. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 1 июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи васеъи ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии масънуъии нархи маводи ғизоӣ, хусусан гӯшт дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ карда, барои муайян намудани сабабҳои гароншавӣ супориш додааст. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти масъули кишвар талаб кардааст, ки барои баратараф кардани ин ҳолати номатлуб хусусан барои танзими ва арзон кардани нархи гӯшт чораҳои ҷиддӣ бубинанд. Оқои Раҳмон таъкид кардааст, ки дар моҳи Рамазон мувофиқи суннатҳои мусулмонӣ, нархҳо бояд арзон карда шаванд, на ин ки бо фарорасии рӯза маводи ғизоӣ гарон карда шавад.

Бо оғози моҳи шарифи Рамазон дар дӯконҳои гӯшфурӯшӣ нархи 1 кило гӯшт аз 34 сомонӣ ба 38-39 сомонӣ баробар шуд. Ҳатто дар рӯзи аввали рӯзадорӣ дар бозорҳо гӯшт нопадид шуд ва дар баъзе нуқтаҳои гӯштфурӯшӣ нархи як килои он дар ивази 45 сомони фурӯхта шуд. Дар айни замон гӯштфурушҳо бо норозиятӣ мегӯянд, ки гӯштро бо вуҷуди зарари молӣ, савдо мекунанд. Қурбоналӣ Сафаров, яке аз гӯштфурӯшҳои маҳаллаи 33 пойтахт мегӯяд, ки говро бо нархи гарон аз бозор мехарад ва то ба фуруш гузоштан ба андозаи 5 то 8 сомонӣ зарарӣ мебинанд, вале ночор бо дастури ҳукумати шаҳр арзонтар мефурӯшад. Вай мегӯяд, ки мақомоти ҳукумат аслан ҳеҷ коре ба ҷуз супориш додан барои кам кардани нархи гӯшт намекунад: «Чаро вазорати кишоварзӣ фермаҳои худро надорад ва дар чунин ҳолатҳои гӯшти худро ба бозор намебарорад, ҳама аз домани гӯштфурӯшҳо доштаанд, ки нархашро ба зарар ҳам бошад бояд кам кунад»

Қабл аз оғози моҳи шарифи Рамазон як кило навъҳои гӯшти устухондор ва беустухон аз 30 сомонӣ то 34 сомонӣ қимат дошт.

XS
SM
MD
LG