Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нави шакар даҳони харидоронро талх кард


Навбатҳои дарози аҳолӣ барои харидани шакар. Тошканд, 29-уми июни соли 2014.
Навбатҳои дарози аҳолӣ барои харидани шакар. Тошканд, 29-уми июни соли 2014.

Ду баробар боло рафтани нархи шакар дар Тошканд, Самарқанд, Андиҷон ва вилоятҳои дигари Ӯзбакистон на танҳо норозигии муштариён, балки пурсишҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Агар ду ҳафта пеш як кило шакар дар бозорҳои Ӯзбакистон 3000 сӯм (1,3 доллари амрикоӣ) буд, рӯзи 29-уми июн барои он алаакай 5500-6000 сӯм (2,4-2,6 доллар) талаб мекарданд. Бино бар хабарҳои расида, дар баъзе аз манотиқ ин нарх то 8,5-9 ҳазор сӯм расидааст.

Блогнавис ва журналисти мустақил Тошпӯлод Раҳматуллоев ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби чунин ҷаҳиши нарх маълум нест ва мақомоти давлатӣ дар ин бора шарҳе надодаанд: Ҳамин аввалҳои моҳи июн ман дар бозори Сиёби Самарқанд як кило шакарро ба 2800 сӯм харида будам. Рӯзи 29-уми июн ин як кило шакар барои ман ба 6000 сӯм тамом шуд. Дар баъзе ҷойҳо ба 5400 сӯм ҳам ёфтан мумкин, аммо нархи аз ин поёнтар дигар нест.”

Ҷаноби Раҳматуллоев ин мавзӯъро дар блоги худ баррасӣ кардааст. Ба пурсишҳои ӯ дар бораи иллати боловарии нархи шакар соҳибкорону фурӯшандагон ва харидорон посухҳои гуногун додаанд: “Бархе мегӯянд, ки рӯйдодҳои Украина сабаб шуд, то маводи хом ба Ӯзбакистон ворид нагардад. Ба ақидаи дигрон, корхонаи шакари Хоразм аз кор мондааст. Вале ҳеч кас иллати аслиро намедонад.”

Сокинони Тошканд шиква кардаанд, ки акнун нархи шакар дар ин ҷо аз Чину Украина дида ду ва аз Русия якуним баробар бештар аст.

Намояндагони корхонаи монополии “Хоразм шакар” ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтаанд, тавлиди шакар дар ин ҷо кам нашуда ва нархи таъинкардаи давлат низ тағйире надидааст. Дар ҳоле ки ниёз ба шакар дар Ӯзбекистон солона 700 000 тоннаро ташкил медиҳад, ними он аз хориҷ ворид карда мешавад. Ҳоло ҳукумати Ӯзбакистон мехоҳад, дар Ангрен як корхонаи дигари тавлиди шакар созад. Оғози кори он дар соли 2016 воридоти шакарро ба Ӯзбакистон нодаркор хоҳад кард. Бино бар маълумоти расмӣ корхонаи нав дар як шабонарӯз 1000 тонна шакар истеҳсол хоҳад кард.

Якбора зиёда аз 100% зиёд шудани нархи шакарро дар Ӯзбакистон маркази Sugar Monitoring дар Русия як ҷараёни маснӯӣ номидааст. Таҳлилгарони ин марказ мегӯянд, бизнеси шакар дар Ӯзбакистон аз тарафи як мушт шахсони наздик ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ назорат мешавад ва ба эҳтимоли зиёд нархро ҳамин гурӯҳ бо маслиҳат боло бурдааст. Аммо мақомоти расмии Ӯзбакистон ин натиҷагирӣ ва ҳама гуна гумонҳои назорат шудани риштаҳои гуногуни тиҷоратро аз тарафи гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG