Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои заминӣ ба Толибон шурӯъ шуд


Нерӯҳои Покистон ҳамалоти заминӣ дар паноҳгоҳҳои Толибон дар Вазиристони Шимолӣ, як вилояти қабоилнишини ҳаммарз бо Афғонистонро шурӯъ карданд. Артиши Покистон бо нашри баёнияи катбие гуфт, аз рӯзи 30-уми июн дар Мироншоҳ шаҳри аслии вилоят ҷустуҷӯи хона ба хонаи мардум шурӯъ шуд. Бар тибқи ин баёния, қабл аз шурӯъи ҳамлаҳо тақрибан ним миллион нафар сокинони минтақаро ба маҳалҳои амн кӯчондаанд. Бо оғози ин амалиёт 15 ҷангҷӯи Толибро куштаанд. Пеш аз ин дар Вазиристони Ҷанубӣ нерӯҳои Покистон паноҳгоҳҳои Толибонро тайи ду ҳафта бомбборон карданд. Навоз Шариф, нахуствазири Покистон гуфтааст, ки ин амалиёти низомӣ “оғози марҳилаи сулҳ ва оромӣ” дар Покистон аст, аммо Толибон гуфтаанд, ки ба нерӯҳои давлатӣ посух хоҳанд. Ба гуфтаи артиши Покистон дар ҷараёни амалиёт, ки рӯзи 15-уми июн оғоз шуд, 380 ҷангҷӯ ва 17 сарбоз кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG