Пайвандҳои дастрасӣ

Мошини муфтии Ингушистонро тарконданд


Солеҳ Хамхоев, муфтии Ҷумҳурии Ингушистони Русия гуфт, ки афроди номаълум мошини ӯро зимни сафараш дар Маскав тарконидаанд. Рӯҳонии қафқозӣ рӯзи 30-уми июн гуфт, мошини Мерседеси зиреҳдори ӯро субҳи 29-уми июн нобуд кардаанд, вале айни таркиш касе дар дохили мошин набудааст. Солеҳ Хамхоев, ки узви Шӯрои муфтиёни Русия аст, гуфт, тарконидани мошин, кори “дастаи ҷинояткоронест”, ки моҳи январи соли 2013 ба сӯи хонааш дар шаҳри Назран тирандозӣ карданд. Ба қавли муфтӣ, он гурӯҳ мехост, аз пил ситонад. Маъмурони пулиси шаҳри Маскав гуфтанд, ки дар воқеъ як мошини Мерседес дар шаҳри Маскавро оташ задаанд. Тундравони исломӣ дар ҷумҳуриҳои Қафқози Русия умдатан мақомоти маҳаллӣ ва рӯҳониёнеро, ки аз исломи ифротӣ парҳез мекунанд, ҳадаф гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG