Пайвандҳои дастрасӣ

Куриёи Шимолӣ ду амрикоиро муҳокима мекунад


Куриёи Шимолӣ рӯзи 30-уми июн гуфт, ки ду сайёҳи амрикоии боздоштшударо бо иттиҳоми “амалкардҳои душманона” нисбати он кишвар муҳокима мекунад. Хабаргузоии расмии Куриёи Шимолӣ навиштааст, ки гӯё Метю Тод Миллер ва Ҷеффри Эдвард Фовл дар баёноташон ба “гуноҳи худ иқрор шудаанд.” Метю Миллерро моҳи апрел баъди он боздошт кардаанд, ки дар дафтари хадамоти муҳоҷират дар Куриёи Шимолӣ раводиди сафари худро пора карда ва аз мақомот хостааст, ки ба ӯ ҳаққи паноҳандагӣ бидиҳанд. Ҷефри Фовлро моҳи апрел баъди он дастгир кардаанд, ки гӯиё дар утоқи меҳмонхонааш як китоби Инҷилро гузоштааст. Кеннет Бае, як шаҳрванди дигари куриёитабори Амрикоро Пхенян соли 2012 боздошт кард ва ӯро як мубаллиғи тундрави насронӣ хонд ва бо иттиҳоми талош барои барандохтани ҳукумати Куриёи Шимолӣ ба 15 соли кори иҷборӣ дар урдӯгоҳҳои махсус маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG