Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои Ироқ амалиёт дар Тикритро идома доданд


Нерӯҳои Ироқ амалиёти ҷавобӣ барои пас гирифтани шаҳри Тикритро идома медиҳанд, ки дар тасарруфи тундравони суннимазҳаб аст. Ин ҷангҷӯён қаламравҳои васеъи Ироқ ва базъе аз манотиқи Сурияро ишғол карда ва рӯзи 29-уми июн он минтақаҳоро Хилофат эълон карданд. Рӯзи 29-уми июн чархболҳои артиш ба мавзеъҳои ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломии Ироқ ва Шом ҳамла карданд ва дар гӯшаҳои гуногуни шаҳри Тикрит миёни ду тараф даргирӣ сурат гирифт. Пайкорҷӯёни шарики Ал-Қоида аввали ҳамин моҳ манотиқи васеъи шимол ва ғарби Ироқро ишғол карданд. Ҳукумати Бағдод гуфт, ки барои муқобила бо тундравон аз Русия 5 ҳавопаймои ҷангии Сухой харидааст. Рӯзи 29-уми июн Давлати Исломии Ироқ ва Шом аз қаламрави шаҳри Ҳалаби Сурия то шаҳри Диёлои Ироқро хилофати исломӣ эълон кард. Дар як наворе, ки ин гурӯҳи тундрав нашр кард, Абубакр ал-Бағдодиро “халиф” ва ӯро пешвои тамоми мусулмонони ҷаҳон номид.

XS
SM
MD
LG