Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳли як хонавода аз қурутоб заҳролуд шудаанд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи истеъмоли қурутоб дар ноҳияи Панҷ аҳли як хонавода заҳролуд шудааст. Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 30-юми июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки аҳли хонаводаи сокини ноҳияи Панҷ вилояти Хатлон Мирзохӯҷа Насриддинов ҳангоми истеъмоли қурутоб заҳролуд шудаанд. Дар натиҷаи хурдани қурутоб Мирзохӯҷа Насриддинов, ҳамсараш Сарвар Мирзоева, духтаронаш, Омина Насриддинова, Сафаргул Мирзоева, Таҳмина Насриддинова, Нозим Назришоев ва Ҳамза Хабиров заҳролуд шуда, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG