Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади профессор Турсунов ҳанӯз ёфт нашудааст


Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, се рӯз қабл наҷотбахшҳои ин ниҳод аз дарёи Душанбе дар назди маҳаллаи бозори "Корвон" ҷасадеро пайдо карданд, ки бо устоди Донишгоҳи техникӣ Абдуқаҳҳор Турсунов шабоҳат дошт, аммо дандонпизишк ташхис кард, ки ин ҷасади профессор набудааст. Манбаъ рӯзи 30 июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки қомат, ранги пӯст, мӯи сар ва чеҳраи ин шахс ба Абдуқаҳҳор Турсуно хеле шабоҳат дошт, вале вақте дандонпизишк санҷиш гузаронд, маълум шуд, ки ин ҷасади нафари дигар будааст.

Ҳамакнун беш аз 1 моҳ аз ҳодисаи ғарқ шудани прфессор Турсунов мегузарад, вале натиҷае нест. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷустуҷӯи ҷасади профессор Турсунов аз тарафи наҷотбахшҳои ситоди Варзоб идома дорад.

Рӯзи 24-уми май Умед Бақоев, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-3102», ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти деҳаи Зидии ноҳияи Варзоб, дар километри 47-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи «Варзоб» сарозер шуд. Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур - Абдулаҳад Оев, проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Турсунов Абдуқаҳҳор, декани ин донишгоҳ ва Сангинов Облоқул, ҳама сокинони шаҳри Душанбе дар дарёи Варзоб ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд. Ронандаи мошин Умед Бақоев ва меҳмони онҳо шаҳрванди Русия, Владимир Кашуба, проректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Братск, истиқоматкунандаи вилояти Иркутск, аз ин садама ҷон ба саломат бурдаанд.

XS
SM
MD
LG