Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ аз Русия панҷ ҳавопаймои ҷангии Су-25 харид


Ироқ аз Русия панҷ ҳавопаймои ҷангии Су-25 харид, ки ба иттилои Бағдод, дар ҷанг алайҳи мусаллаҳони суннимазҳаб истифода хоҳанд шуд. Дар ин бора рӯзи якшанбе, 29 июн, расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд. Ин ҳавопаймоҳо қаблан ба нерӯҳои мусаллаҳи Русия тааллуқ доштанд.

Бар пояи хабарҳо, ҳукумати Ироқ ҳавопаймоҳои ҷангии русиро дар чаҳорчӯби қарордод ба маблағи 500 миллион доллар харидааст.

Ҳафтаҳои ахир гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” бахши аъзам аз манотиқи шимол ва шимолу ғарби Ироқро таҳти назорат қарор дод ва сӯи Бағдод ҳаракат мекунад.

Рӯзи якшанбе дар бораи дубора таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ даромадани шаҳри Тикрит, воқеъ дар шимоли Бағдод, хабар расид. Аммо манбаъҳои мустақил ин хабарро тасдиқ накардаанд.

XS
SM
MD
LG