Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коргарони чиноӣ шаҳри Самарроро тарк намуданд


Беш аз 1200 тан аз коргарони чиноӣ шаҳри Самарро, воқеъ дар шимоли Ироқро, ки он ҷо даргириҳо идома доранд, тарк намуданд. Хабаргузории давлатии Синхуа рӯзи шанбе, 28 июн навишт, ки чиноиҳо таҳти ҳимояти артиши Ироқ ба яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Бағдод интиқол ёфтанд.

Чин дар Самарро нерӯгоҳи барқӣ месозанд ва рӯзҳои ахир дар наздикиҳои ин иншоот задухӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” шурӯъ шуданд.

Ба навиштаи хабаргузории чиноӣ, аввалин гурӯҳи 45 нафараи коргарон тавассути чархбол ба Бағдод фиристода шуд, дигарон тайи ду шабонарӯз аз тариқи автобусҳо ба пойтахт расиданд.

Айни ҳол дар Ироқ беш аз 10 ҳазор коргарон ва муҳандисон аз Чин кор мекунанд, ки бештари онҳо кормандони қарордодии ширкатҳои чиноиянд.

XS
SM
MD
LG