Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии СММ аз афзоиши фирориён аз Украина


Бад шудани авзоъ дар шарқи Украина дар ҳафтаиҳои ахир беш аз 16 ҳазор нафарро барои тарки манзилҳои худ маҷбур сохтааст. Ба иттилои Комиссариати СММ дар умури паноҳандагон, теъдоди фирориён дар қаламрави худи Украина тақрибан 54 ҳазор нафар аст. Мелисса Флеминг, намояндаи ин ниҳоди СММ рӯзи шанбе ба хабарнигорон дар Женева гуфт, ки аз ибтидои сол 110 ҳазор сокинони Украина ба Русия фирор кардаанд. Беш аз нӯҳ ҳазору 500 нафари онҳо хостори паноҳандагӣ дар Русия шудаанд.

Ба иттилои СММ, тақрибан ҳафтсад сокини Украина ба Лаҳистон, Белорус, Чехия ва Руминия фирор намудаанд.

XS
SM
MD
LG