Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Фаронса соли гузашта ба пешвози омадани моҳи шарифи Рамазон се бузургтарин ресторан хӯрооки шом-ифторро комилан ройгон кард.

Ҳамзамон дар шафати ин се ресторан ду гипермаркет вуҷуд дорад, ки нархҳои ғизоро аз будаш 50 фисад поён фаровард. Хоҳ рӯзадор, хоҳ рӯзахӯр фарқе надошт, нарх бо шарофати моҳи Рамазон арзон пешниҳод шуд. Ин Аврупо аст, ки аз асли мусалмонӣ хеле дур аст ва дини Ислом тақрибан 50 сол пеш роиҷ шуд.

Ҳамсабақам Абдураҳим нақл мекунад, ки дар вилояти Хабаровски Русия моҳи Рамазони соли гузашта дар паҳлӯи масҷид чеченҳову тоҷикон ошхонаву нонйвойхонае созмон доданд, ки нархҳо хеле арзон шуда, ҳатто нону гӯшт қариб як моҳ ба нархи дастрасу арзон ба мардум пешкаш гардид. Ин ҷо низ Русия ҳаст, ки дину оинаш аксар масеҳиву аз русуми дини Ислом комилан бехабаранд. Ҳол он ки ба Русия асли Ислом ҳамагӣ 30 сол пеш интиқол ёфт.

Дар сайри сомонаҳои интернетӣ низ дидан мумкин аст, ки дар мамолики Араб ҳар моҳи Рамазон қариб як моҳ бепул хӯрокворӣ дар ба дар тақсим карда мешавад. Ин ҷо зодгоҳи Ислом аст, ки ҳоҷат ба таъриф нест.

Аммо, ҳар сол дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон шиорамон «харад зам кун, нахарад кам»-гӯён тамоми анвоъи хӯрокворӣ ба якборагӣ ду-се баробар боло гардан меёзонад. Ҳатто мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки баъзе аз хӯроквориҳо қариб 10 маротиба гаронтар аз пештар ба мардум пешкаш мешавад. Хоҳӣ хар, нахоҳӣ ҳам хар! Мо-тоҷикон, ки расму оинамон тӯли зиёда аз 1400 сол ин ҷониб гаравиши исломиву мусалмонӣ дорем.

Оне, ки фарзандҳоямонро ҳатман хутбаи никоҳ мехононем, хатнасуриву чилёсину фотиҳакушоёну садҳо дигар таомули исломиро ба ҷо меоварем, аз инсоф хабареву асаре намонда. Дар қиёси Аврупову Русия мо комилан инсофро ба қабристони фаромӯшӣ дафн кардаем.

Агар бо фурӯшандае дар бобати якбора қимат шудани нарх эътироз кунед, дарҳол посух ҳам тайёр:

-Укоҷон, доду фарёд накунед. Пеши ҳар касе хоҳед, рафта шикоятатонро кунед. Худатон фикр кунед, аз саҳар то шом дар тамузи тасфони тобистон истода дар бозор савдо кардан кори осон нест,-ин аст посухи ҳамаи савдогарон.

Аслан сари ин мавзӯъ нигоштанӣ набудам, чун солҳо аз гарон шудани нарх борҳо матлаби танқидӣ навишта будам. Ҷамъи мӯйсафедоне, ки дар шафати Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ ҳар рӯз чойнӯшӣ мекунанд, чун донистанд, ки рӯзноманигорам, аз ман хоҳиш карданд, то ба сари ин масъала бори дигар оям:

-Мо бо ин матлаб хоҳиши бепул ва ё ҳаттон арзон кардани нархи хӯроквориро тақозо намекунем. Зеро медонем, ки ин талаби мо ва талаби садҳо ҳазор мардумро касе ба инобат намегирад. Бо вуҷуди ин хоҳиш ва тавалло менамоем, ки аққалан нархҳо арзон нашавад ҳам, илтимос нархҳоро аз будаш бештар тағйир надиҳед! Чӣ тавре буд ҳамон хел истад. Танҳо як моҳи Рамазон, - чунин хоҳишу талаб намуданд пирони мӯйсафед.

Аслан шикваву гилаи ин мӯйсафедони нуронӣ ҷой дорад. Воқеан, агар ҳар сол ба таърихи мусулмонии мо як сол зам шавад, мутаассифона аз инсофи мо як сол кам мешавад. Сад афсӯс!

Набиюллоҳ Суннатӣ, рӯзноманигор

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG