Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори Сатторов бо Путин ва оғози миссияи мушкили ӯ дар Русия


И.Сатторов ва В.Путин дар Кремл. 27 июн

И.Сатторов ва В.Путин дар Кремл. 27 июн

Сафири нави Тоҷикистон Имомуддин Сатторов рӯзи 27 июн дар Кремл эътиборномаашро ба Владимир Путин супурд ва амалан ба иҷрои маъмурияти мушкилаш дар Маскав шурӯъ кард.

Сафири тозатаъиншудаи Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 27 июн эътиборномаашро расман ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин супурд. Путин сафири тоҷикро дар радифи сафирони тозатаъиншудаи чанд кишвар, бо шумули Олмону Қатар ва Покистону Аргентина, дар Кремл ба ҳузур пазируфтааст.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод рӯзи 27 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Путин дар ин дидор дар маҷмӯъ аз суръати рушди равобити Тоҷикистону Русия ҳамчун ду шарики стратегӣ тавсиф карда гуфтааст, моҳи сентябр ба манзури ширкат дар нишасти сарони Созмони Шанхай ба Душанбе сафар хоҳад кард. Имомуддин Сатторов низ бо таъкид ба аҳамияти равобити хубу ҳасанаи Душанбеву Маскав гуфтааст, дар симати сафири Тоҷикистон пеш аз ҳама барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия талош хоҳад кард.

Қаблан, рӯзи 3 июн, Имомуддин Сатторов ба муовини вазири умури хориҷии Русия Григорий Карасин нусхаи ваколатномаи сафири мухтор ва фавқулоддаи Тоҷикистон дар Русияро супурда буд.

Ашраф Гулов

Ашраф Гулов

Имомуддин Сатторов, ки солҳои тулонӣ сафири Тоҷикистон дар Олмон буд, дар поёни моҳи май ба ҷои Абдулмаҷид Достиев сафири Душанбе дар Маскав таъин шуд. Ҳамзамон боӯ ба ҷои Садбарг Ғаниева, ки ба Душанбе баргашт, Ашраф Гулов, писари вазири собиқи энергӣ Шералӣ Гул ва яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон консули генералии Душанбе дар Маскав таъин шуд ва бояд акнун ӯву Сатторов ҳарду дар як тим кор кунанд.

Русия ва Тоҷикистон

Русия як кишвари аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле муҳим ва аз шарикони стратегии ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба шумор меравад. Русия дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлобу Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон пойгоҳи 201-ми артишашро мустақр кардааст, ки бо зери 7000 афсару аскар бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши Русия ба шумор меравад.

Аз тарафи дигар, беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳар сол дар ҷустуҷӯи рӯзии хонаводаҳояшон худро ба бозори кори Русия мезананд. Соли гузашта аз Русия ва асосан тавассути ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон қариб 4,2 миллиард доллар пул интиқол додаанд. Ин маблағи бузург аз ҳаҷми буҷаи Тоҷикистон қариб 40 дарсад бештар буда, як омили асосии ҳам пешбурди аробаи иқтисоди Тоҷикистон ва ҳам манбаи умдаи таъмини суботи иҷтимоӣ дар ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ ба шумор меравад.

Имомиддин Сатторов аз ин лиҳоз дар мулоқот бо Путин ҳимоят аз муҳоҷиронро аз муҳимтарин вазифаҳои худ дар мақоми сафорат номида, гуфтааст, пеш аз эъзомаш ба Маскав аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҷиҳати тамаркуз ба масоили муҳоҷирон дастур гирифтааст.

"Равшан ва Ҷамшуд" дар яке аз ҳавлиҳои Красноярск

"Равшан ва Ҷамшуд" дар яке аз ҳавлиҳои Красноярск

Аммо оқои Сатторов дар ҳоле ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Русия таъин шуд, ки ин кишвар сиёсаташ дар масъалаи муҳоҷиратро торафт ба сӯи ташдиди бештар бозбинӣ мекунад. Маскав дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-маш то соли 2042 боҷи гумрукиро аз содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон бардошт, вале аз сабукиҳое, ки ба муҳоҷирони тоҷик ваъда карда буд, дар ниҳоят танҳо замони будубоши бидуни сабти номи онҳоро аз 3 рӯз то 15 рӯз зиёд кард ва иҷозат дод, то ба муҳоҷирони тоҷик ба мӯҳлати то 3 сол муҷаввизи кор диҳанд.

Болои ин, Русия ва Беларусу Қазоқистон аз соли оянда Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиёро ба роҳ меандозанд, ки ташдиди боз ҳам бештари сиёсати муҳоҷират дар ин кишварҳоро ба дунбол хоҳад дошт. Рӯзи 17 июни соли равон ҳукумати Русия қарореро тасвиб кард, ки аз соли 2015 равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бо шиносномаҳои дохилиро манъ мекунад.

Имиҷи нави тоҷиконро кӣ хоҳад сохт?

Муҳоҷирони тоҷик, Коллаж аз саҳифаи Диловар Ашӯров

Муҳоҷирони тоҷик, Коллаж аз саҳифаи Диловар Ашӯров

Мушкили дигари истода дар назди Имомуддин Сатторов ба ҳайси сафир дар Русия беҳтар кардани имиҷи муҳоҷирон ва дар маҷмӯъ мардуми тоҷик дар зеҳни ҷомиа ва матбуоти Русия аст. Расонаҳои русӣ муҳоҷирони тоҷикро асосан бо рангҳои манфӣ тасвир мекунанд ва дар натиҷа дар зеҳни ҷомиаи Русия тасаввуроти каҷе аз мардуми тоҷик ҳамчун як мардуми қочоқбари маводи мухаддир, моил ба ҷинояткорӣ, нисбат ба масоили беҳдоштӣ бепарво, яъне дар сатҳи ҳамон "Равшан ва "Ҷамшуд", ҳосил шудааст.

Аммо Имомуддин Сатторов ҳамин тавр, бояд имиҷи сафораташро ҳам, ки дар чашми бисёре аз муҳоҷирон як "бисзенс-сентр" тасвир мешавад, тағйир диҳад ва ин ниҳоди дипломатиро ба идорае табдил кунад, ки корафтодагони тоҷик бо дили пур ба он муроҷиат кунанд.

Боз як ба ҳам овардани ҷамъиятҳои сершумор, вале парокандаи муҳоҷирони тоҷик дар саросари Русия аст, ки гоҳо ҳатто бо ҳам дар ҳоли хусумату душманӣ қарор доранд. Ба бовари коршиносони масоили муҳоҷират, ин душмании ҷамъиятҳо дар ниҳоят ба зарари мардуми муҳоҷир тамом мешавад, ки қурбониҳои бозиҳои гурӯҳӣ шуда, беҳимоят мемонанд.

Муаррифии сафири нав дар толори "Мир"

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, расми супурдани эътиборномаи сафири нав маросим иттифоқан рӯзи 27 июн, дар рӯзе иттифоқ уфтод, ки ҷонибҳои даргири ҷанги Тоҷикистон 17 сол пеш маҳз дар шаҳри Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд. Интизор меравад, шоми 27 июн, дар як консерт бахшида ба Рӯзи ваҳдат дар толори кинову консерти “Мир”-И Маскав ҷаноби Сатторов бори аввал ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон дар Русия дар баробари шаҳрвандони тоҷики муқими ин кишвар муаррифӣ шавад. Ин консерт бо ширкати гурӯҳҳои “Садои Хуҷанд”-у “Гулчин” ва овозхони маъруф Ҳасани Ҳайдарро Оҷонсии “Тоҷинфо” ҳамроҳ бо сафорат ташкил кардаанд.

Имомиддин Сатторовро афроди огоҳ як марди донишманд ва нисбат ба мардумаш дилсӯз ба қалам медиҳанд. Вале дигар аз худи ӯ бастагӣ дорад, ки худро дар мақоми дар воқеъ мушкили сафири Тоҷикистон дар Маскав чигуна муаррифӣ мекунад ва то куҷо метавонад ба ҳадафҳое ки пши худ гузоштааст, бахусус дар маъмурияти сахти ҳимоят аз лашкари якмиллионнафарии мардикорони тоҷик дар Русия комёб шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG