Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

И.Сатторов ба В.Путин эътиборнома супурд


Сафири тозатаъиншудаи Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 27 июн эътиборномаашро расман ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин супурд. Путин сафири тоҷикро дар радифи сафирони тозатаъиншудаи чанд кишвар, бо шумули Олмону Қатар ва Покистону Аргентина, дар Кремл ба ҳузур пазируфтааст.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ гуфт, Путин дар ин дидор дар маҷмӯъ аз суръати рушди равобити Тоҷикистону Русия ҳамчун ду шарики стратегӣ тавсиф карда гуфтааст, моҳи сентябр ба манзури ширкат дар нишасти сарони Созмони Шанхай ба Душанбе сафар хоҳад кард. Имомуддин Сатторов низ бо таъкид ба аҳамияти равобити хубу ҳасанаи Душанбеву Маскав гуфтааст, дар симати сафири Тоҷикистон пеш аз ҳама барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия талош хоҳад кард.

Муҳаммади Эгамзод афзуд, расми супурдани эътиборномаи сафири нав маросим иттифоқан рӯзи 27 июн, дар рӯзе иттифоқ уфтод, ки ҷонибҳои даргири ҷанги Тоҷикистон 17 сол пеш маҳз дар шаҳри Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд. Интизор меравад, шоми 27 июн, дар як консерт бахшида ба Рӯзи ваҳдат дар толори кинову консерти “Мир”-И Маскав ҷаноби Сатторов бори аввал ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон дар Русия дар баробари шаҳрвандони тоҷики муқими ин кишвар муаррифӣ шавад. Ин консерт бо ширкати гурӯҳҳои “Садои Хуҷанд”-у “Гулчин” ва овозхони маъруф Ҳасани Ҳайдарро Оҷонсии “Тоҷинфо” ҳамроҳ бо сафорат ташкил кардаанд.

Қаблан, рӯзи 3 июн, Имомуддин Сатторов ба муовини вазири умури хориҷии Русия Григорий Карасин нусхаи ваколатномаи сафири мухтор ва фавқулоддаи Тоҷикистон дар Русияро супурд. Имомуддин Сатторов, ки солҳои тулонӣ сафири Тоҷикистон дар Олмон буд, дар поёни моҳи май ба ҷои Абдулмаҷид Достиев сафири Душанбе дар Маскав таъин шуд.

XS
SM
MD
LG