Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 корманди гумруки Узбакистон боздошт шуд


Дар Узбакистон тақрибан 100 нафар кормандони гумрук ба иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шудаанд. Хабаргузории интернетии uzmetronom.com 27 июн гузориш дод, ки ин боздоштҳо дар ҷараёни амалиёти нируҳои Хадамоти амнияти Миллии Узбакистон сурат гирифтааст.

Ин гузориш дар ҳоле пахш мешавад, ки чанд рӯз пеш манобеи радиои Озодӣ дар Тошканд гуфтанд, ки Азиз Абдураҳмонов-раиси гумруки Узбакистон ва Азиз Ҳасанов-муовини вай дар аввали моҳи июн дар Тошканд боздошт шудаанд. Мақомоти Узбакистон то ҳол дар ин бора тавзеҳоте надодаанд.

XS
SM
MD
LG