Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҷонибдорони Абдуллоҳ дар Кобул


27 июн, тазоҳуроти ҷонибдорони Абдуллоҳ дар Кобул
27 июн, тазоҳуроти ҷонибдорони Абдуллоҳ дар Кобул

27 июн дар Кобул ҳазорон нафар ҷонибдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ-номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон бар зидди даври дуввуми интихоботи 14 июни раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба эътироз баромаданд.

Эътирозгарон дар чанд нуқтаи Кобул таҷаммуъ карданд, вале бузургтарин эътироз дар назди Кохи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Тазоҳуркунандгон “Марг ба тақаллуб” ва ҳатто “Марг ба Ашраф Ғанӣ” шиор медоданд. Ашраф Ғанӣ номзади дуввуми расёсати ҷумҳурист.

Баъзе аз эътирозгарон парчамҳои Ҳизби Ҷамъияти Исломиро дар даст доштанд., ки ҳоло бо Абдуллоҳ ҳампаймон мебошанд. Худи Абдуллоҳ ва ду муовинаш Муҳаммад Хон ва Муҳаммад Мудаққиқ дар ин раҳпаймоиҳо ширкат ҷустанд.

Ашраф Ғанӣ натиҷаҳои даври дуввуми интихоботро гӯё нашр ва иддао кардааст, ки вай тақрибан 4,2 миллион ва Абдуллоҳ 2,9 миллион рай ба даст овардаанд. Вале то ҳол ба ин хабар Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон вокуниш нишон надодааст.

Қарор аст натиҷаҳои ибтидоии интихобот 2 июл ва натиҷаҳои ниҳоӣ 22 июл эълон шавад.

XS
SM
MD
LG