Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW мегӯяд, сунниҳо 160 нафарро дар шаҳри Тикрит эъдом кардаанд


Ҷанговарони Давлати Исломии Ироқ ва Шом 160 асиреро, ки дар давоми ин моҳ дар Тикрит-шаҳри шимолии Ироқ ба асорат дароварда буданд, ба қатл расонданд. Дар ин бора Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch хабар додааст.

Ин гурӯҳи ҳуқуқи башар, ки марказаш дар Амрикост, мегӯяд, як шохаи гурӯҳи Ал Қоида дар шаҳри Тикрит дар ду ҷой аз 160 то 190 асирро эъдом кардааст. Ин афрод баъд аз 11 июн, яъне баъд аз ба тасарруфи ҷанговарон даромади шаҳри Тикрит боздошт шуда буданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ки шумораи қурбониён метавонад бештар аз ин бошад, вале дастрасӣ ба маҳал ва ба манобеи хабарӣ расидагии комил ба ин кушторҳоро душвор кардааст.

Давлати Исломии Ироқ ва Шом иддао мекунад, ки 1 700 нафар низомиёни артиши Ироқро дар Тикрит ба қатл расондааст ва як силсила аксҳои ба эҳтимоли зиёд афроди кушташударо дар торнамои худ чоп кардааст.

Давлати Исломии Ироқ ва Шом бо ҳампаймонҳои суннии худ ҳоло назорат бар қисматҳои бузурги шимол ва ғарби Ироқро дар ихтиёр доранд.

XS
SM
MD
LG