Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмаато ҳукми муовини вазирро эълон мекунанд


Интизор меравад, ки 27 июн додгоҳи низомии шаҳри Алмаато ҳукми Бағдат Майкеев -муовини вазири дифои Қазоқистонро қироат кунад. Майкеев моҳи феврал барои ситонидани ришва ба маблағи 1,5 миллион доллар боздошт шуда буд. Парвандааш моҳи май ба додгоҳ фиристода шуд.

Вай аз моҳи сентябри соли 2011 то замони боздошт муовини вазири дифоъ буд ва нахустин мақоми баландпояи низомӣ нест, ки дар моҳҳои ахир барои фасоди молӣ ба додгоҳ кашонда мешавад. Моҳи декабр генерал Асқар Булдешов-фармондеҳи пешини нируҳои ҳавоии Қазоқистон барои суистифода аз мақом ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Генерал Алмос Асенов-сардори раёсати бахши таслиҳоти Қазоқистон барои сарфи назар кардан аз камбудиҳои техникии ҳавопаймои Ан-72 дар ивази ришва барои 11 сол ба зиндон фиристода шуд.

XS
SM
MD
LG