Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо бо се кишвари Шӯравии пешин қарордод имзо кард


Порошенки бо Хоссе Мануел Баррозо ва Ҳерман Ван Ромпу
Порошенки бо Хоссе Мануел Баррозо ва Ҳерман Ван Ромпу

Украинаву Гурҷистон ва Молдова дар Бруссел бо Иттиҳодияи Аврупо қарордодҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ба имзо расонданд. Имзои ин қарордодҳо кишварҳои мазкурро бо ҷаҳони Ғарб наздиктар ва аз Русия дуртар мекунад.

Виктор Янукович-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина моҳи ноябри соли гузашта аз имзои ин қарордод даст кашида буд ва он боиси эътирозҳои густарда дар ин кишвар гардид ва саранҷом бо фирораш аз кишвар ба поён расид.

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина дар маросими имзо гуфт, ин санадҳо “дар муддати кӯтоҳ нишон медиҳанд, ки корҳо чӣ тавр тағир хоҳанд ёфт, агар иродаи мардум ба андозаи кофӣ қаввӣ бошад”. Вай афзуд, Аврупои муттаҳид ба нафъи ҳар кас аст, вале ба он маънӣ нахоҳад буд, ки мухолифони худро низ дорад.

Хоссе Мануэл Баррозо-раиси Кумиссиюни Аврупо гуфт, ин қарордодҳо “барои кор аст, на бар зидди касе”. Вай гуфт, Иттиҳодияи Аврупо дар садади ҳамкориҳои хос бо ин се кишвар нест.

XS
SM
MD
LG