Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина бо Иттиҳодияи Аврупо қарордод имзо мекунад


Петро Порошенко бо мақомоти Аврупо
Петро Порошенко бо мақомоти Аврупо

Қарор аст Украинаву Гурҷистон ва Молдова 27 июн қадами бузурге ба сӯи Ғарб бардоранд ва бо имзои қарордодҳо бо Иттиҳодияи Арупо аз Маскав дур шаванд. Ин қарордодҳо дар ҳамин соатҳо дар Бруссел ба имзо мерасад.

Eкраина дар бораи ҳамкороиҳои наздики иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Аврупо қарордод имзо мекунад ва Гурҷистону Молдова низ ба ҷуз аз қарордоди ҳамкориҳои иқтисодӣ қарордоди ҳамкориҳои сиёсиро низ ба имзо мерасонанд.

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина, ки барои имзо ба Бруссел-қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо омадааст, ба рӯзноманигорон гуфт, ки имрӯз барои Украина ояндаи навро пешниҳод мекунад ва имрӯз барои ин кишвар аз замони истиқлолаш то ба ҳол “рӯзи муҳими таърихӣ” ба шумор меравад.

Виктор Янукович-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина аз имзои ин қарордод даст кашида буд ва он боиси эътирозҳои густарда дар дар ин кишвар шуд ва саранҷом бо фирораш аз кишвар ба поён расид.

XS
SM
MD
LG