Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай дар ҳамла ба Ҳилманд ҷосусони хориҷиро айбдор кард


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, рӯзи панҷшанбе, 26 июн, гуфт, ки пушти ҳамлаи густурдаи толибон дар вилояти Ҳилманд кормандони хадамоти кашфи хориҷӣ истодаанд. Дигар мансабдорони Афғонистон дар ташкилу пуштибонӣ аз ин ҳамла ISI – Хадамоти кашфи Покистонро айбдор карданд. Мақомоти Ҳилманд, аз ҷумла, ба Радиои Афғонистони Озод гуфтанд, ки афсарони афғон дар минтақаи даргириҳо афсарони либоси мулкӣ пушидаи хадамоти кашфи Покистон ва дигар шаҳрвандони кишвари ҳамсояро диданд, ки аз тарафи толибон меҷангиданд.

Рӯзи 26 июн нерӯҳои амниятии Афғонистон амалиёт алайҳи гурӯҳи беш аз 800 нафараи толибон дар вилояти ҷанубии Ҳилмандро аз сар гирифтанд. Ба мттилои мақомоти Ҳилманд, тайи чанд рӯзи даргириҳо тақрибан 100 тан аз ситезаҷӯён, 21 сарбози афғон ва 40 кас аз мардуми осоишта ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG