Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Бағдод аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои суриягӣ ба мавқеъҳои ДИИШ


Нурӣ ал-Моликӣ

Нурӣ ал-Моликӣ

Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, рӯзи панҷшанбе, 26 июн, изҳор намуд, ки ҳавопаймоҳои Сурия ба мавқеъҳои ситезаҷӯён дар канори шаҳри Ал-Кайми Ироқ зарба заданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд ҳавопаймоҳои ҷангии Сурия барои ин зарба иҷозаи расмии мақомоти Ироқро надоштанд, Бағдод аз чунин ҳамлаҳо алайҳи мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ) истиқбол мекунад.

Аммо расонаҳои давлатии Сурия хабари зарбаҳои ҳавопаймоҳои низомии кишвар ба мавқеъҳои ДИИШ дар қаламрави Ироқро рад карданд.

Бӯҳрон дар Ироқ, ки он ҷо мусаллаҳони “Давлати исломии Ироқ ва Шом” ва гурӯҳҳои суннӣ бахши аъзами қаламрави панҷ вилоятро таҳти назорат гирифтаанд, мавзӯи асосии гуфтушунидҳои вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ дар Порис аст. Қарор аст, ки ӯ рӯзи панҷшанбе ин бӯҳронро бо мансабдорон аз Исроил, Арабистони Саъудӣ, Урдун ва дигар кишварҳо баррасӣ кунад.

Ин гуфтушунидҳо дар ҳоле баргузор мешаванд, ки як рӯз пеш нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ даъвати раҳбарони сиёсӣ ва мазҳабии сунниҳои кишвар барои таъсиси ҳукумати наҷоти миллиро рад кард ва онро “табадуллот алайҳи Қонуни асосӣ” номид. Ал-Моликӣ изҳор намуд, ки тайи як ҳафта таъсиси ҳукумати нави Ироқ анҷом меёбад. Дар ҳукумати пешини ӯ тақрибан ҳама мақомҳоро шиаҳо ишғол карда буданд ва ин боиси норозигии сунниҳо ва курдҳо шуда буд.
Ба иттилои СММ, бар асари даргириҳои ҳафтаҳои ахир дар Ироқ беш аз ҳазор нафар ба ҳалокат расида, тақрибан як миллион нафар иҷборан манзилҳои худро тарк намуданд.

XS
SM
MD
LG