Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷудоихоҳон ба фурудгоҳи Краматорск ноком шуд


Низомиёни украинӣ ба ҳамлаи ҷудоихоҳон ба фурудгоҳи шаҳри Краматорски вилояти Донетск посухи сазовор дода, онҳоро аз ин мавзеъ дур андохтанд.

Дар ин бора хабаргузории УНИАН бо такя ба гуфтаҳои намояндаи Шӯрои амнияти миллии Украина Андрей Лисенко иттилоъ дод. Ба гуфтаи мансабдори украинӣ, шабонарӯзи гузашта ҷудоихоҳон ҳафт бор постгоҳҳо ва мавқеъҳои низомиёни украинӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Славянск, Кривая Лука, Краматорск ва рустои Ивановкаро тирборон карданд. Андрей Лисенко афзуд, ки яке аз ҳамлагарон ба ҳалокат расидааст, ба низомиёни ҳукуматӣ осеб нарасидааст.

20 июн раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко барои як ҳафта дар шарқи кишвар оташбас эълон кард. Рӯзи сешанбе ӯ ба низомиён амр дод, ки ба ҳамлаҳои ҷудоихоҳон бидуни дудилагӣ оташи ҷавобӣ кушоянд. Сарвари Украина рӯзи чаҳоршанбе дар сӯҳбати телефонӣ бо сарони Русия, Олмон ва Фаронса хабар дод, ки ҷудоихоҳон беш аз 50 бор оташбасро халалдор кардаанд.

XS
SM
MD
LG