Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Либия ҳомии фаъоли ҳуқуқи башар кушта шуд


Тафтиши куштор шурӯъ шудааст

Тафтиши куштор шурӯъ шудааст

Ҳомии ҳуқуқи башари Либия Салва Буғайғис дар канори манзилаш дар шаҳри Бойғозӣ ҳадафи тир афроди ношинос қарор гирифт. Як мақоми амниятии Либия, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, рӯзи 26 июн гуфт, ҳамла шоми чаҳоршанбе аз сӯи мусаллаҳони либоси низомӣ дар тан сурат гирифт.

Намояндаи маркази тиббии Бойғозӣ хабар дод, ки хонум Буғайғис бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон оварда шуд ва аммо табибон дар муолиҷааш оҷиз монданд. Як узви хонаводаи Буғайғис гуфт, ки ҳангоми ҳамла шавҳари Салва дар хона буд ва аммо ҳоло ғайб задааст.

Масъулияти ҳамла ба ҳомии ҳуқуқи башарро касе бар дӯш нагирифтааст.

Вакили дифоъ Салва Буғайғис аз фаъолони инқилоби соли 2011 буд, ки бар асари он раҳбари мустабиди Либия Муаммар Қаззофӣ сарнагун шуд. Ӯ ҳамчун пуштибони ҳуқуқҳои занон ва мухолифи гурӯҳҳои ифротгаро низ маъруф буд.

XS
SM
MD
LG