Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванов: Ҳероин - таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеъаи Русия боқӣ мемонад


Виктор Иванов
Виктор Иванов

Дар Русия 8 миллион нафар мӯътодони маводи мухаддир расман сабти ном шудаанд ва тайи ду соли ин омор тақрибан тағйир нахӯрдааст. Дар ин бора раиси Хадамоти федеролии назорат аз болои гардиши маводи мухаддири Русия Виктор Иванов рӯзи панҷшанбе, 26 июн, дар як нишасти хабарӣ дар Маскав иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола аз истеъмоли маводи нашъадор дар Русия беш аз 80 ҳазор нафар мефавтанд. Виктор Иванов афзуд, ки чун пештара интиқоли миқдори бузурги ҳероин таҳдиди ҷиддӣ ба Русия боқӣ мемонад. Дар кишвар якним миллион нафар мӯътоди ҳероинанд ва ҳар яке аз онҳо ҳамарӯза дасти кам ду бор ин маводи сахттаъсирро истеъмол мекунанд. Ҳар сол дар Русия, ба гуфтаи Виктор Иванов, ба маблағи тақрибан як миллиард доллар ғайриқонунӣ ҳероин фурӯхта мешавад.

26 июн – Рӯзи байнулмилалии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадир аст. Ин сана соли 1987 аз сӯи Маҷмааи умумии СММ чун рамзи талоши оламиён барои таъсиси ҷомеъаи орӣ аз мӯътодон таъсис шуд.

XS
SM
MD
LG