Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Пешовар ҷустуҷӯи ҳамлагарон ба ҳавопаймо идома дорад


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ки дар робита ба ҳодисаи тирандозӣ сӯи ҳавопаймои мусофирбар дар шаҳри Пешовар беш аз 200 нафарро пурсуҷӯ кардаанд. Бар асари тирандозии афроди ношинос ҳангоми фуруд омадани ҳавопаймои ширкати Pakistan International Airlines шоми 24 июн як зан кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳавопаймо бо 178 мусофир аз шаҳри Ар-Риёзи Арабистони саудӣ ба Пешовар парвоз мекард.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти Исломобод ангушти иттиҳом сӯи ситезаҷӯёни “Толибон” кардаанд.

Аз ин пеш ситезаҷӯён ба фурудгоҳи байнулмилалии Карочӣ ҳамла карда буданд. Шаби 8-уми июн ду гурӯҳи онҳо аз ду ҷониб ба фурудгоҳ ворид шуда ва ҳамзамон ҳамлаеро оғоз карданд. Сухангӯи артиши Покистон генерал Азим Баҷва гуфт, ки ин ҳамларо 10 нафар анҷом дод ва ҳамагӣ дар ҷараёни амалиёт кушта шуданд. Масъулияти он ҳамларо Ҳаракати исломии Узбакистон ва Толибони Покистон бар дӯш гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG