Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати боз як сарбози НАТО дар Афғонистон


Бар асари ҳамлае дар ҷануби Афғонистон як сарбози НАТО кушта шуд. Эътилофи байнулмилалӣ дар бораи ин ҳодиса, ки рӯзи 25 июн иттифоқ уфтод, ҷузъиёте нашр накардааст. Тайи моҳи июн бар асари ҳамлаҳову даргириҳо дар Афғонистон 11 тан аз низомиёни НАТО кушта шудаанд, ки ҳашт нафарашон амрикоӣ буданд.

Аз ибтидои сол дар Афғонистон 40 афсару сарбози НАТО ва аз ҷумла, 29 низомии ИМА, ҷон бохтаанд.

Қарор аст, ки то охири соли равон ҳама низомиёни хориҷӣ Афғонистонро тарк намоянд. Манотиқи ҷанубии Афғонистон пойгоҳи толибон боқӣ мемонанд.

Рӯзи 25 июн нерӯҳои амниятии Афғонистон амалиёт алайҳи гурӯҳи беш аз 800 нафараи толибон дар вилояти ҷанубии Ҳилмандро шурӯъ карданд. Сухангӯи волии вилоят Умар Звак хабар дод, ки тайи панҷ рӯзи даргириҳо тақрибан 100 тан аз ситезаҷӯён, 21 сарбози афғон ва 40 кас аз мардуми осоишта ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG