Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" 1 миллион афзудааст


Нерӯгоҳи барқии «Сангтӯда-1» аз афзоиши мизони қарзи ширкати «Барқи тоҷик», ки дар як моҳи ахир боз як миллони сомонии дигар афзудааст, хабар дод.

Дафтари матбуоти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» рӯзи 26-уми май ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки тайи як моҳи ахир мизони қарзи «Барқи тоҷик» дар назди ин нерӯгоҳ афзоиш ёфта, дар як моҳи ахир аз 417миллиону 70 ҳазор сомони ба 418 миллиону 70 ҳазор сомонӣ расидааст.

Дар аввали моҳи апрел ҳаҷми қарзи «Барқи тоҷик» 409 миллиону 65 ҳазор сомониро дар бар мегирифт, ки дар моҳи март ин нишондод ба 386 миллион сомонӣ баробар буд.

Қарзи «Барқи тоҷик» ҳамчун харидори ягонаи барқи «Сангтӯда-1» ҳар моҳ меафзояд. Дар моҳҳои охири сорли 2013 баъдӣ фишори Маскав ва музокироти тарафайн, "Барқи тоҷик" як муддат қарзаш дар назди ин нирӯгоҳро, ки 75 дарсади саҳмияҳояш аз Русия аст, кам кард.

Вале инак масъулони нерӯгоҳ аз дигарбора рӯ ба афзоиш овардани ҳаҷми қарзҳои "Барқи тоҷик" хабар медиҳанд. Аммо масъулони ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, ҳаҷми баргардонидани қарзи Сангтударо афзоиш дода ҳар моҳ то 300 ҳазор сомонӣ қарзро пушиш медиҳанд. Зеро дар фасли гармо тавони истеҳсоли неруи барқ афзуда ва имкони содироти он низ бештар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG