Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи як маркази ҳамкории ҷомеа бо милитсия


Дар ноҳияи Ҳисор, 35 километрии ғарби шаҳри Душанбе, пойтхати Тоҷикистон маркази ҳамкории ҷомеа бо милитсия ифтитоҳ ёфт. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин марказ дар пайи ҳамкории вазорати корҳои дохилӣ ва сафорати ИМА дар Душанбе бунёд гардид.

Ба гуфтаи ҷаноби Садридинов, дар маросими баҳрабардорӣ аз ин марказ рӯзи 25-уми июн, масъулони вазорати корҳои дохилӣ, ба вижа Маҳмадалӣ Раҳимов, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ин вазорат, Марк Вуд, як масъули сафорати ИМА дар Душанбе, Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор ва дигарон ширкат доштанд. Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва сафорати ИМА дар Душанбе ифтитоҳи ин марказро самараи ҳамкориҳоли судманд миёни ду кишвар арзёбӣ карда ва гуфтанд, ки ин иқдом дар ҷиҳати равобит миёни ҷомеа ва маъмурони интизомӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ кумак хоҳад кард.

Дар чорчӯби ин марказҳо гурӯҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа низ фаъолият мекунанд. Ин лоиҳа аз сӯи бахши кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири сафорати ИМА аз моҳи майи соли 2010 мавриди иҷро қарор гирфтааст ва то кунун беш аз 20 марказ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, бахусус Рашту Ҷиргатол, Фархору Қумсангир, Бобоҷон Ғавфурову Қайроқум, Ваҳдату шаҳри Душанбе таъсис ёфтаанд.

Бахши кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ба ҷуз таъмиру бозсозии марказҳо, таҷҳизоти лозимро ба ин марказҳо таъмин карда ва ҳамчунин дар баргузории тренингҳо барои кормандони пулис ва ҷомеа мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG