Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи олимпӣ чорабинии варзишӣ баргузор мегардад.

Рӯзи 27-уми июн дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи олимпӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, маросими кушоиши чорабинӣ рӯзи ҷумъа соати 9:00 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов барпо мегардад. Вай афзуд, “ин чорабиниро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, маъмурияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоили варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон доир мекунад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои чордаҳумин бор ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи олимпӣ бошад, барои бори шашум дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҳамчун иди варзиши оммавӣ таҷлил мегардад. Рӯзи олимпӣ барои дар амал ҷорӣ шудани идеяи олимпизм ва рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Мо ба ин чорабинӣ ба ҷуз хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону мураббиён, доварону мутахассисон ва масъулини соҳа, инчунин, намояндагони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷиро даъват кардаем. Дар як ҳамоиш онҳо иди касбиашон - Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзиширо ҷашн мегиранд.”

Ба гуфтаи Баҳрулло Раҷабалиев чорабинӣ бо дави оммавӣ дар майдони бузурги донишкада шурӯъ мешавад. Ширкаткунандагони пойга мувофиқи синнашон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба масофаҳои мухталиф медаванд. Баъдан дар ҳамаи иншооти варзишии донишкада мусобиқот аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш - армспорт (дастхобонӣ), баскетбол, варзиши сабук, волейбол, гимнастикаи варзишӣ, гуштини миллӣ, дзюдо, тенниси рӯи миз, тӯби дастӣ (гандбол), футболи хурд, чавгонбозӣ ва якҳарбаи шарқӣ - баргузор мешавад.

Баъди анҷоми мусобиқот дар ҳар як намуд ба беҳтаринҳо сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин, тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG