Пайвандҳои дастрасӣ

Хабаргузории Reuters рӯзи 24-уми июн акси ҷавонеро нашр кард, ки ба ривояти он дар сафи ҷудоихоҳони шарқи Украина дар Донетск зидди нерӯҳои давлати украин меҷангад.

Ин акс нахустин далели расмист, ки дар ҷангҳои Украина шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ низ ширкат доранд. Бино бар зернависи акс, ҷавон Бахтиёр ном дошта, ҳоло автомати калашников дар даст яке аз кӯчаҳои шаҳри Северскро дидбонӣ мекунад.

Акси Бахтиёр хеле зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва дар шарҳи он навиштанд, ки афроде мисли ӯ ва даҳҳо муҳоҷири дигар дар Русия ба гунаи хеле осон аз тарафи «комиссариати ҳарбӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Донетск пазируфта ва ба ҷабҳаи ҷанг фиристода мешаванд. Хабарнигори радиои Озодӣ ба ин марказ занг зад ва таҷриба кард, ки табдил шудан ба ҷанговари ҷумҳурии худэълонкардаи Донетск воқеан кори осон аст.

“Пулемётчӣ даркор?”

Хабарнигори «Озодӣ» бо истифода аз маълумоте, ки дар шабакаи “ВКонтакте” нашр шудааст, ба гуморанда (вербовшик) занг зад ва гуфт, шаҳрванди Ӯзбакистон буда, дар низоъҳои ҷануби Шӯравии собиқ ширкат кардааст ва мехоҳад, ба ҷанги Донетск равад. Гуморанда пурсид: «Ихтисоси ҳарбии шумо чист? Мо асосан онҳоеро мегирем, ки ихтисос ва таҷрибаи ҳарбӣ дошта бошанд.» Баъд аз шунидани он ки хабарнигор гӯё дар яке аз низоъҳои мусаллаҳона пулемётчӣ будааст, гуфт: «Ман бароятон шумораҳои телефони комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Донетск дар Маскавро медиҳам, ба он ҷо муроҷиат кунед.»

Ин ҳамсӯҳбат аз гуфтани номи хеш худдорӣ кард, аммо чанд шумоари телефонро дод.

Намояндаи ҷудоихоҳон дар Маскав аз шаҳрвандии хабарнигори радиои «Озодӣ» изҳори нигаронӣ кард, аммо гуфт: «Шуморо фиристодан душвор нест, аммо шиносномаи Русия, ки надоред, бояд шароиоти махсус сохт. Барои ҳамин ба имейли “Новороссия”-и мо нома равон кунед. Дар он ҷо чунин масъалаҳоро ҳал мекунанд.»

Ин ҳамсӯҳбат аслан напурсид, ки муддаӣ боре ҳам силоҳро ба даст гирифтааст ё на. Вай ба пурсиши ин ки «чанд пул медиҳед?», посух дод, ки пуле дода намешавад ва ба шарқи Украина танҳо ихтиёриён бо хоҳиши худи онҳо фиристода мешаванд ва шумораи онҳо хеле зиёд аст.

Бино бар қонунҳои Русия ширкат дар низоъҳои кишварҳои савум дар ивази пул ҷиноят шумурда мешавад, дар акси ҳол хилофи манофеи Русия набудани чунин ширкат ҷавобгарии ҳуқуқӣ надорад.

​“Ман – шаҳрванди Русия...”

Пеш аз акси Бахтиёр видеои Николай Крилови 21-сола дар шабакаи Youtube сарусадои зиёд ба бор овард. Ин шахс, ки худро курсанти Донишгҳои олии ҳарбии Краснодар меномад ва ҳоло маҳбус аст, мегӯяд: «Ман шаҳрванди Русияам, зодаи шаҳри Курск. Дар интернет даъвати Ҷумҳурии Халқии Донетскро дидам ва телефонӣ бо гуморанда сӯҳбат кардам. Вай ба ман ваъда дод, ки барои ҳар рӯзи ҷанг 1000 доллар медиҳанд.»

Ҳоло дар ин торнамоҳо эълон шудааст, ки барои нерӯҳои мусаллаҳи ҷудоихоҳон мутахассисони мошинҳои зиреҳпӯш ва танкҳо даркоранд. Ҷудоихоҳон ҳамчунин гуфтаанд, мардуми Русия, ки наметавонанд, ба онҳо силоҳу муҳимоти ҷангӣ диҳанд, барои хариди ин абзор пул хайр кунанд.

Бахтиёр дар Украина чӣ кор мекунад?

Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин мегӯяд, ки дар ҷангҳои шарқи Украина шаҳрвандони Русия ширкат надоранд. Президенти Чеченистон Рамазон Қодиров хабарҳои ширкати чеченҳоро дар ин набард низ рад кард. Аммо ҳамарӯза аксҳои зиёде нашр мешаванд, ки бино бар онҳо, як бахши калони ҷудоихоҳони украин сару симои ғайриславянӣ доранд.

Шаҳрванди Ӯзбакистон Шавкат Муҳаммад, ки аз рӯзи аввал дар сафи тарафдорони Майдони Киев ҷангидааст, ширкати сокинони кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҷангҳои Донетск ва Луҳанск аз эҳтимол дур намешуморад: «Шуданаш мумкин, чунки ҳоло ҷудоихоҳон пули нағз медиҳанд. Дақиқ намедонам, чӣ қадар, аммо ба легионерҳои Фаронса, масалан, то 10 ҳазор доллар пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи дӯстони журналист ва наворбардорам дар Луҳанск, ба аҳолии маҳаллӣ барои як рӯз 50-100 доллар пешниҳод мекунанд. Чеченҳо низ зиёданд. Пештар, вақте ки дар Русия мезистам, ҷавонон барои он ба ҷанги Чеченистон мерафтанд, ки қарзи хариди хонаро баргардонанд. Дар тарафи ҷудоихоҳон ҷангидани ҷавонон низ барои халос шудан аз ҳамин кредитҳост.»

Шавкат Муҳаммад меафзояд, ҳамчунин на танҳо барои пул, балки зери таблиғоти русӣ, ҷавонон фикр мекунанд, ки бо фашизм ва бендеризм меҷанганд. Ва дар ҳоле ки кишварҳои Ғарб аз ворид шудани танку зиреҳпӯшҳо ва мошинҳо пур аз аслиҳа ба шарқи Украина изҳори нигаронӣ кардаанд, мақомоти Русия ҳама гуна пайванди ниҳодҳои давлатии кишвари худро бо ҷанг дар Украина рад мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG