Пайвандҳои дастрасӣ

Дабири кулли НАТО Русияро танқид кард


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, зимни ифтитоҳи нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узв гуфт, Русия усулҳои “чандпаҳлӯи ҷанг” дар Украинаро ба кор мебарад ва афзуд, дари НАТО ба рӯи кишварҳои хоҳони узвият ҳамчунон боз аст. Дар ин нишаст, ки рӯзи 25-уми июн дар Брюссел оғоз ёфт, бӯҳрони Ироқ ҳам баррасӣ мешавад ва дар он Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ҳам ширкат дорад. Андерс Фог Расмуссен дар нишасти НАТО гуфт, Русия аз “усулҳои нави ҷанг” алайҳи Украина истифода мебарад ва “ҳеҷ нишонаи” он вуҷуд надорад, ки аҳдҳои байналмилалиаш дар робита ба Украинаро иҷро мекунад. Ӯ афзуд, ки НАТО шеваҳои дарки хубтари “хатароти чандпаҳлӯ ва расидагӣ ба он хатарҳо барои дарозмуддатро” баррасӣ мекунад. Андерс Фог Расмуссен гуфт, ки гуфтугӯ барои пазируфтани Черногория ба узвияти НАТО шиддат бахшида мешаванд.

XS
SM
MD
LG