Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ авзоъи Ироқро дар НАТО баррасӣ мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, барои ширкат дар нишасти паймони НАТО ба Брюссел ворид шуд, ки дар бӯҳрони Ироқ масъалаи асосии баҳс мешавад. Баъди вурудаш ба Брюссел дар шоми 24-уми июн ӯ бо Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфтугӯ кард. Ҷон Керрӣ қабл аз омаданаш ба Белгия дар Бағдод буд ва бо Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ ва раҳбарони вилояти Курдистон дар бораи ҷанги тундравон суҳбат дошт. Ӯ ба Масъуд Боризонӣ, раиси ҷумҳури Курдистон гуфтааст, ки Ироқ бояд муттаҳид бошад. Вале пешвои курдҳо дар оғози мулоқот гуфтааст, ки Ироқ «дар рӯ бар рӯи воқеияти нав аст» ва тасаввур кардан сахт аст, ки Ироқ сарҷамъ бимонад. Айни замон созмони тундрави Давлати исломии Ироқ ва Шом, манотиқи шимолии Ироқро ишғол кардаанд ва ба гуфтаи Созмони Милал танҳо дар моҳи июн дар Ироқ 1 ҳазору 75 нафар мардуми ғайринизомӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG