Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО созишнома бо Гурҷистонро омода мекунад


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО гуфт, ин созмон созишномаи комилу фарогир барои наздик кардани Гурҷистон ба ин созмонро омода хоҳад кард. Андерс Фог Расмуссен дар ин бора рӯзи 25-уми июн ва дар остонаи нишасти вазирони умури хориҷии паймони НАТО сухан гуфт, ки дар он Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ҳам ширкат мекунад. Ӯ ҷузъиёти созишнома бо Гурҷистонро шарҳ надод, вале зоҳиран дар он санад узвияти ин кишвар дар НАТО пешбинӣ нашудааст. Андерс Фог Расмуссен ҳамчунин гуфт, ки паймони НАТО дар ин нишаст тасмим мегирад, ки соли оянда Черногорияро ба ин эътилофи низомӣ қабул кунанд ё не. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, ки “ҳеҷ нишонаи” он вуҷуд надорад, ки Русия аҳдҳои додааш дар бораи Украинаро иҷро мекунад. Ба қавли Андерс Фог Расмуссен, НАТО барномаи дарозмуддате барои кӯмак ба Украина ва аз ҷумла тақвияти қудрати низомии он кишвар омода мекунад.

XS
SM
MD
LG