Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии HRW аз вазъи сокинои кӯчдодашуда аз атрофи Роғун


Созмони Дидгоҳи ҳуқуқи башар имрӯз, 25 июн дар як нишасти васеъ бо ширкати созмонҳҳои байналмилалӣ ва мақомоти Тоҷикистон оид ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун, бо пахши як баёнияи матбуотӣ аз вазъи мардуми деҳоте, ки аз маҳалли сохтмон ба ҷои дигар кӯч дода шудаанд, вале дар ивази манзилҳои зисташон аз тарафи давлат ҷуброн карда нашудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин баёнияи матбуотӣ зикр шудааст, мардуме, ки аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳ ба ҷойҳои дигар интиқол дода шуда ва ҳанӯзам интиқоли онҳо идома дорад, барои сохтмони манзилҳо ҷуброн карда нашуданд ва илова ба ин, дар ҷойҳои нав онҳо мактаб надоранд ва фарзандҳои онҳо бидуни таҳсил мондаанд.

Ба навиштаи Созмони Дидгоҳи ҳуқуқи башар, феълан 1,5 ҳазор нафаре, ки аз маҳалли сохтмони ба ҷойҳо нав интиқол дода шудаанд аз ҳуқуқҳои иҷтимоии худ маҳруманд ва аз тарафи мақомот маҳаллӣ барои сохмтони манзилҳои нав ҷуброн карда нашудаанд. Ҳамагӣ аз маҳалли сохтмон бояд 42 ҳазор хонавода ба ҷои дигар интиқол дода шавад. Созмони Дидгоҳи ҳуқуқи башар аз мақомоти ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки масъалаи сохтмони манзилҳо ва бунёди мактабҳо барои мардуми кучдодашуд кумак кунанд.

XS
SM
MD
LG